ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Идораи танзими бозори энержии Туркия дар гузориши ахираш аз афзоиши содироти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “trend.az”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи июни соли 2022 Туркия ба Тоҷикистон 135,7 тонна сӯзишвории ҳавопаймо содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (112,9 тонна) 20,1 дарсад бештар аст.
Ба иттилои ин ниҳод, ин рақам низ нисбат ба моҳи майи соли 2022 (131,6 тонна) 3,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридоти сӯхти ҳавопаймо Тоҷикистон аз Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 759,3 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (806,9 тонна) 5,8 фоиз камтар аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми содироти Туркия ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 64,9 миллион доллар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.
Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллар (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллар (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.