Зарфияти нассоҷии Тоҷикистон дар Тошканд муаррифӣ мешавад

Нассоҷӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои ояндадор маҳсуб шуда, маҳсулоти ин соҳа ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо содир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи саноати сабук дар Тошканд зарфиятҳои кишварро муаррифӣ мекунанд.
Ба иттилои баргузоркунандагон, беш аз 15 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Таҷҳизот ва технологияҳои нассоҷӣ - CAITME 2022" ширкат мекунанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони кишварҳои гуногун навтарин технологияи нассоҷӣ, инчунин намунаҳои беҳтарини саноати дӯзандагиро намоиш медиҳанд.
Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо ширкатҳои хориҷӣ қарордодҳо ва созишномаҳои ояндадор имзо кунад.
Ҷӯробҳои тоҷикӣ дар Русия бозоргир шуданд
Ин дар ҳолест, ки зарфиятҳои соҳа дар Тоҷикистон бузург арзёбӣ мешаванд, чун кишвар аз тавлидкунандаҳои аслии пахта дар минтақа буда, қисми зиёди он асосан дар шакли хом содир мешавад.
Феълан талош сурат гирифта истодааст, ки ба соҳа сармоягузориҳо сурат гирифта истодааст.
Аз ҷумла дар намоишгоҳи байналмилалӣ “Текстиллегпром”, ки то 9 сентябр дар шаҳри Маскав идома мекунад, 9 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон иштирок доранд.
Дар феҳрасти иштирокдорон корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии “Ваҳдат Текстил”, “KOTA Глобал”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Oртекс”, “Раҳимов А. А.”, “Сифат Саноат” “ТoҷТекс” ва “ХИМА Текстил” зикр шудаанд.