ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Манобее ба расонаи “Ҳашти субҳ” хабар додаанд, ки толибон ба вулусволонаш дар Ҳирот дастур додаанд, то ҳар кадоме теъдоди мушаххасе аз ҷангҷӯёнро аз бахшҳои мухталифи ин вилоят ҷамъоварӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Аз сӯии дигар, манбае аз суфуфи толибон, ки намехоҳад номе аз ӯ гирифта шавад, низ таъйид мекунад, ки вулусволони ин гурӯҳ дар Ҳирот аз Кобул дастур дарёфт кардаанд то 500 ҷангҷӯ барои ҷанг ба Панҷшер бифиристанд.
Бар асоси маълумоти ин манобеъ аз ҳар вулусволӣ 30 то 70 ҷангҷӯ хоста шуда ва қарор аст барои тадовуми ҷанг ба Панҷшер фиристода шаванд.
Як манбаи дигар низ дар Ҳирот мегӯяд, ки толибон барои ҷанг дар Панҷшер аз бархе мадориси динӣ дар ин вилоят низ нерӯ ҷамъоварӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин манба, ахиран шуморе аз шогирдони мадориси динӣ бо ҳамдеворҳояшон худо ҳофизӣ карданду қарор шудааст, ки онҳо ба Панҷшер эъзом шаванд .
Пеш аз ин низ толибон аз вилоятҳои ғарбии кишвар аз ҷумлаи Ғӯр ва Бодғис барои ҷанг дар Панҷшер нерӯ фиристодаанд.
Пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.
Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.
Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.