Таҳвили техника ба маблағи 12 млрд рубл: коршинос омили амнияти Тоҷикистонро гуфт

Русия ба хотири ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳо, аз ҷумла таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон ба маблағи 12 млрд рубл таҷҳизоти низомӣ интиқол додааст, гуфт коршинос
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Мавзуи осебпазирии Тоҷикистон дар пасманзари таҳдидҳои афзоянда, умдатан аз самти Афғонистон дар даҳсолаҳои ахир аз масоили аслии рӯзномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад.
Ин нуктаро Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Н.Г.Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти мубрами байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили амният на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои узви СААД низ муҳим аст. Иттифоқчиёни ҷумҳурӣ, асосан Русия, бояд барои таҳкими тавоноии Тоҷикистон, махсусан дар шароити хатарҳои бархоста аз давлати ҳамсоя, кумак кунанд.
"Маскав ба Душанбе ба маблағи 12 млрд рубл таҷҳизоти низомӣ интиқол дод. Инҳо танкҳо, тӯпхона, чархболҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон муҳиманд ва аслиҳаи тирандозӣ мебошанд", - гуфт Коренев.
Илова бар ин, кишварҳо мунтазам машқҳо мегузаронанд, ки амалиёти муштарак дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои террористиро тамрин мекунанд.
Коршинос тавзеҳ дод, ки размоишҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки ба низомиён имкон медиҳад, то дар шароити шинос малакаи худро такмил диҳанд.
Русия иншооти низомӣ дар Тоҷикистонро ҳимоят кард
"Ин саҳми арзанда дар баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аст", - таъкид кард мусоҳиб.
Коренев ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия ёдовар шуд, ки ба назари ӯ, яке аз омилҳои аслии таҳкими тавоноии ҷангии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин зикр шудаст, ки теъдоди қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳудуди 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки дар пойгоҳи низомии 201-ум қариб 6 ҳазор нафар бозомӯзӣ ва таълим гирифтаанд.