Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин

Русия бо амалиёт дар Украина мехоҳад низоеро, ки ҳанӯз соли 2014, баъди табаддулоти давлатӣ алайҳи мардуми худӣ оғоз шуд, поин диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Русия аз амалиёти низомӣ дар Украина чизеро набохтааст ва нахоҳад бохт, изҳор бовар кард президент Владимир Путин.
Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли барандаи Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток дар мавриди бурду бохти Русия аз амалиёт дар Украина таъкид кард.
Вай афзуд, ки дар ин муддат истиқлоли Русия таҳким ёфт, то ҷое раванди бисёрқутбӣ сурат гирифта истодааст. Путин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи ин ҳама ба фоидаи Русия ва тамоми ҷаҳон аст.
Таҳкими истиқлоли Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар мавқеъгириҳо дар сиёсати хориҷиро аз ҷумлаи натиҷаҳои мусбат арзёбӣ намуд.
Чин: ИМА аз низоъ дар Украина бештар фоида ба даст меорад
Вай таъкид кард, ки Русия ин низоъро оғоз накардааст, балки талош дорад ба он поён диҳад. Ӯ тавзеҳ дод, ки онро ҳанӯз соли 2014-ум оғоз кардаанду, алайҳи мардуми худ аз силоҳу амалиёт кор бурданд, Русия танҳо баъди талошҳои чандбораи мусолиматомез бо шеваи онҳо посух дод, то мардумро ҳимоят кунад, гуфт Путин.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.