Путин гуфт, эътимод ба доллару евро кам шуд: бо айби кӣ?

Сиёсати иқтисодии Ғарб, ки мавҷи таҳримҳоро пеш гирифт, ба худ зарба зуда, аз ҷумла эътимод ба асъорашонро коҳиш дода истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эътимод ба асъори хориҷии ғарбӣ, аз ҷумла евро, доллар ва фунт стерлинг коҳиш ёфтааст, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар зимни Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток.
Ӯ Ғарбро дар тахриби пояҳои аслии иқтисоди ҷаҳонӣ муттаҳам кард, ки садсолаҳо ташаккул ёфтанд.
"Пеши чашми мо боварӣ ба доллар, евро, фунт стерлинг, ҳамчун асъор барои ҳисоббаробаркунӣ, захира ва дороӣ аз даст рафт", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ гуфт, саҳми доллар ҳам дар ҳисоббаробаркуниҳо ва ҳам дар бахши захиравӣ кам шудааст. Путин дар идома аз созиши "Газпром" бо Чин дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо рублу юан бо ҳиссаи 50-дарсадӣ хабар дод.
Путин зикр намуд, ки бар асари таҳримҳо таваррум дар кишварҳои ғарбӣ боло рафта истодааст. Дар ҳоле, ки нишондоди таваррум дар Русия майл ба поинравӣ дорад ва соли оянда ба шохисҳои нақшавӣ расонда хоҳад шуд, гуфт раисҷумҳур.
Путин дар Форуми иқтисодии шарқӣ чӣ гуфт?
Қаблан Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурҳои Русия ва Туркия ба хабарнигорон гуфта буд, ки раҳбарони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки пардохти интиқоли газ миёни ҷонибҳо қисман бо рубли русӣ сурат мегирад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар шарҳи гузаришҳо ба пулҳои миллӣ изҳзор дошт, ки доллар пули боэътимоди захиравӣ буданашро аз даст дод ва ин тарсҳо ҳоло ҳам аз ҷониби кишварҳои ҳамсуд ва дигар кишварҳо зиёд аст.
Песков афзуд, Амрико бо амали худ эътимоди мардум ба долларро кам кард, бинобар ин, табиист, ки аксари кишварҳо имкони коҳиш додани ҳиссаи долларро дар гардиши савдои худ ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллиро афзоиш медиҳанд.