ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷаҳон бояд боадолаттар бошаду бар фармонравоии як кишвар асос наёбад, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток.
Ӯ гуфт, тасаввураш дар бораи ҷаҳони бисёрқутбӣ ба адолату баробарӣ бунёд ёфтааст.
"Ҷаҳон боадолаттар бошад, на таҳти ҳукми як кишвар, ки худро намояндаи Худо дар дунё мепиндорад ва ё болотар аз ону сиёсаташро бар асоси гӯиё истисноӣ будани худ роҳандозӣ мекунад", - изҳор дошт Путин.
Ӯ гуфт, дар ҷаҳон бояд манофеи дигарон ба назар гирифта шаванду муносибат ба ҳама баробар, сарфи назар аз қаламрав, ҳаҷми ММД ва силоҳи муосир дар артиш сурат гирад.
Вай таъкид намуд, ки муайянкунандаи муносибат бояд меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ бошанд.
Путин инчунин изҳор дошт, ки дар шароити нави ҷаҳонӣ истиқлоли Русия таҳким ёфта истодааст, то ҷое раванди бисёрқутбӣ амалӣ шуда истодааст. Путин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи ин ҳама ба фоидаи Русия ва тамоми ҷаҳон аст, чун монеаҳо барои рушд канор гузошта хоҳанд шуд.
Дар ин робита Никол Пашинян, сарвазири Арманистон баён дошт, ки ҳамаи ҳукуматҳо дар ҷаҳон сулҳу субот мехоҳанд. Аммо тасаввури ҳар давлат дар бораи сулҳу субот гуногун асту, вазифаи сиёсатмадорон ин наздик овардани назару мавқеъ дар мавриди сулҳу субот мебошад, афзуд ӯ.