Муҷоҳид: мардуми Афғонистон дар таҳкими пояҳои низом бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд

Сухангӯи ҳукумати муваққати Толибон дар ахиран Кобул гуфт, ин гурӯҳ барои маҳори мушкилот ва таҳкими пояҳои низом ба кумаки мардум эҳтиёҷ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эҳтимол "фитнаҳо" дар кишвар вуҷуд дорад ва ҳукумати Толибон барои ҷилавгирӣ аз он тамоми талоши худро бакор мегирад, гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи ҳукумати Толибон дар ҳамоиши “вазъияти кишвар, фурсатҳо ва чолишҳо” дар Донишгоҳи Кобул, иттилоъ додааст “Парстудей”.
Оқои Муҷоҳид аз мардуми Афғонистон хостааст, ки дар таҳкими пояҳои низом бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд, то чолишҳо ва мушкилоти кишвар ҳал гардад.
Вай афзуд, пас аз ҷанг дар Афғонистон чолишҳо ва фурсатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бо ҳамкорӣ ва талоши муштараки низом ва мардум метавон ба самти пешрафт ва тавсеа рафт.
Аҳмад Масъуд: Мардуми Афғонистон бо дасти холӣ алайҳи толибону терроризми ҷаҳонӣ меҷанганд
Дар ҳамин ҳол, Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ҳам бо ишора ба нақши ниҳодҳои омузишӣ дар ҳалли мушкилот ва чолишҳои кишвар, гуфт, инки мардуми Афғонистон беш аз чаҳор даҳа барои ҳифзи арзишҳои исломӣ ва миллии худ ҷангиданд ва тавонистанд истиқлоли худро ба даст оваранд, як ифтихор аст.
Вай илова кардааст, ки пас аз истиқлол мардум бо чолишҳо ва мушкилоте рӯбарӯ шудаанд, ки нақши ниҳодҳои омузишӣ ва аъзои ҳайати илмии кишвар дар рафъи ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Дар ин нишаст теъдоде аз ҳуқуқдонҳо, пажуҳишгарону устодони донишгоҳ низ дар мавриди авзоъи Афғонистон ва нақши шаҳрвандон дар низом суҳбат ва роҳкор ироа карданд.