ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар яке аз мактабҳои шаҳри Волгоград як синфи кӯдакони муҳоҷир таъсис дода шудааст, ки русӣ забони модариашон нест, иттилоъ додааст портали "V1.ru".
Ба гуфтаи ин манбаъ, синф зери ҳарфи “Ж” баъд аз он таъсис дода шуд, ки дар чанд синфи ин мактаб маълум шуд, кӯдаконе таҳсил мекарданд, ки забони русиро умуман балад нестанд.
Ҳамаи ин кӯдакон аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳастанд. Бархе аз ин кӯдакон дар Волгоград таваллуд шудаанд ва бархеи дигар тоза бо волидайнашон ба он ҷо кӯч бастаанд.
Дар маҷмуъ 14 талаба дар ин синф таҳсил мекунад. Ҳоло ҳама дар як гурӯҳ сабти ном шуда, якҷоя таҳсил мекунанд.
"На ҳама волидон бо забони русӣ ҳарф мезананд. Ман маҷбур шудам, ки онҳоро дар алоҳидагӣ кумак кунам, баъзеҳо ҳамроҳ бо тарҷумон меомаданд", - гуфт муовини мудири мактаб Елена Елизарова.
Ба гуфтаи вай, барои ҳама волидайн муҳим аст, ки фарзандонашон бо забони русӣ таҳсил кунанд.
“Ҳамаи мактаббачагони синфи “Ж” озода ҳастанд, либоси ягонаву асбобу анҷоми хониш доранд”, — гуфт муовини мудири ин муассисаи таълимӣ.
Ёдовар мешавем, дар Русия платформаи интернетии "Детиздесь.рф" таҳия шудааст, ки бо кумаки он кӯдакон метавонанд забони русиро дар шакли интерактивӣ омӯзанд.
Ба ин курсҳои махсуси видеоӣ бо ҳамроҳии муаллимони забони русӣ кӯмак хоҳанд кард.
Илова бар ин дар платформа бисёр аз дуруси фароғатӣ ҷойгир карда мешаванд: аз филмҳои тасвирӣ то сериалҳои телевизионӣ.