Фавт кам, рушди иқтисоду дарозумрӣ зиёд: вазир дастовардҳои Тоҷикистонро гуфт

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ тавсиф карда, аз Бонки Исломии Рушд маблағгузории бештар хост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Рушди миёнасолонаи иқтисодиёти Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 4,6 баробар зиёд шуд.
Ин нуктаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати васеи Бонки исломии рушд, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баён дошт.
Ӯ таъкид намудаст, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83%-и соли 1999 ба 26,3% дар соли 2020 коҳиш дода шуд.
Дар мавриди беҳдоштӣ Завқизода изҳор доштаст, ки беш аз 2,7 ҳазор муассисаи тиббӣ дар кишвар сохта шуда, шумораи умумии онҳо феълан ба 5,1 ҳазор адад расидааст.
"Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд аст. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ дар ин давра 40%, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73% ва фавти кӯдакони то 5-сола 85% паст гардид", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои кори БИР дар Тоҷикистон беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак мебошад, ки феълан дар ҳоли татбиқ қарор дорад.
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Дар зимн Завқизода аз буҳронҳои ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба Тоҷикистон зикр намуда, аз ҳайати Бонки Исломии Рушд даъват намудаст, ки маблағгузориро барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла масоили иҷтимоӣ бештар кунад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид намудаст, ки ин пешниҳоди вазир аз ҷониби ҳайати меҳмонон пазируфта шуд.