Маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои Душанбе

Мақомот хабар додаанд, ки бинобар таҷлили 31-умин солагарди истиқлоли Тоҷикистон 7-8 сентябр дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба хотири таҷлили 31-умин солагарди истиқлоли Тоҷикистон бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баста мешаванд, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
“Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки 7-8 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад”, - қайд кардааст шаҳрдорӣ.
Гуфта шудааст, ки маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.
Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад
Инчунин таъкид шудааст, ки дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА ВКД кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.