ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Ахмедов Баҳром, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, эътои орденҳо дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.
Посол Таджикистана в РФ вручает орден "Дружбы"
© Посольство РТ в РФ
Ордени Дӯстӣ — ордени давлатии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти кишвар боз ба як чеҳраи шинохтаи тоҷик мукофоти давлатӣ сарфароз гардонд.
Гурез Сафар, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.