Боздиди Путин аз размоиши "Шарқ - 2022"

Дар размоише, ки президенти Русия аз он боздид мекунад, дар баробари низомиёни кишварҳои гуногун намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар размоишгоҳи "Сергеевский", макони марҳилаи ниҳоии машқҳои "Шарқ-2022" қарор дорад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, ба рӯзноманигорон хабар дод.
"Аллакай президент дар "Сергеевский" қарор дорад, ки он ҷо марҳилаи ниҳоии размоишҳои "Шарқ - 2022" баргузор мешаванд. Он ҷо ҳамчунин ҷаласа бо иштироки намояндагони Вазорати дифоъ доир мешавад", - гуфт Песков.
Вай афзуд, ки дар ин размоишгоҳ ҳамчунин вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, сардори Ситоди кул, Валерий Герасимов қарор дошта, ҷаласа барои расонаҳо пӯшида хоҳад буд.
Машқҳои стратегии “Шарқ-2022”, ки аз 1 то 7 сентябр дар тамрингоҳҳои Приморск, обҳои баҳри Охотск ва Баҳри Ҷопон баргузор мешаванд, аз ҷумлаи калонтарин размоишҳо арзёбӣ мешаванд.
Рекорд ва ширкаткунандагони ҷадид дар тамриноти фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022"
Қаблан хабар дода шуд, ки дар размоиши "Шарқ - 2022" ҳудуди 50 ҳазор низомӣ аз Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Никарагуа, Русия, Сурия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Амалиёт дар размоишгоҳҳои "Успеновский", "Бурдуни", "Горячие ключи", "Княз-Волконский", "Лагунное", "Сергеевский" ва "Телемба" гузаронда мешавад.
Вазорати дифоъ тавзеҳ дода буд, ки барномаи машқҳои стратегии мазкур, корбурди мухталифи навъҳои гуногуни нерӯ барои таъмини амнияти низомии Русия ва иттифоқчиёни онро дар ҳавзаи низомии шарқӣ дар бар мегирад.