Афзоиши майли муҳоҷирони тоҷик ба вилояти Свердловск

Қариб нисфи муҳоҷирони меҳнатие, ки ба вилояти Свредловск рафтаанд, аз Тоҷикистон буда, қисмати боқимонда ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Наздики 150 ҳазор муҳоҷир аз аввали соли 2022 ба вилояти Свердловск рафтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 1,5 баробар бештар аст.
Дар ин бора Александр Блинов, масъули бахши муҳоҷирати ин вилоят хабар дода, афзудаст, ки қариб нисфи муҳоҷирон дар минтақа тоҷикистониён мебошанд.
Аз ҷумлаи муҳоҷирон дар Свердловск 48%, шаҳрвандони Тоҷикистон, 28% аз Ӯзбекистон, 12% аз Қирғизистон, 4,7% аз Қазоқистон ва 2,6% аз Арманистон мебошанд. Блинов қайд кард, ки 68% фаъолияти меҳнатиро ҳадафи сафар, 17% дигар ҳадафҳои шахсӣ ва 4,7% таҳсил номидаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон низ вақтҳои охир майлашонро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Свердловск баён мекунанд.
Эътои ордени “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия
Аз ҷумла ахиран сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, сайёҳӣ, иқтисод ва ғайра баррасӣ намуд.
Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Свердловск баён дошта, хостори сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар шудааст.
Дипломати тоҷик инчунин аз имкониятҳои истифоданашуда дар бахши иқтисодӣ зикр карда, таҳкими ҳамкорӣ дар риштаи тиҷорату сармоягузориро муҳим хондаст.
Муовини аввали раиси Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ахиран гуфт, ҶТ тасмим дорад, дар соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба вилояти Свердловски Русияро ду-се баробар афзоиш диҳад.
Вай гуфт, аллакай барои интиқоли чанд намуди маҳсулот аз ҷумла намак, меваҷот, меваи хушк шартнома баста шудааст.