ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Русия Тоҷикистонро ҳамчун дӯст, иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ қадр мекунад. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт.
Лавров ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро як рӯйдоди муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба хонда, таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳуриро ба забони русӣ қобили дастгирӣ гуфт.
"Мо қабули донишҷӯёни Тоҷикистонро ба донишгоҳҳои Русия идома медиҳем ва инчунин стипендияи онҳоро афзоиш медиҳем", - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 45% афзоиш ёфтааст ва моҳҳои авали соли равон низ ҳудуди 20% зиёд шудаст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ аз таҳкими эътимоду дастгирии тарафайн миёни Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
Тайи 8 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар наздик шуд, ки беш аз 40% аз нишондоди соли гузашта зиёдтар аст, гуфт Муҳриддин.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин мулоқоту музокирот барои таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия такони бештар хоҳад шуд.