ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ ба Маскав меояд, мулоқот мекунад.
Дар доираи ин сафар баррасии масоили мухталиф, аз вазъи Афғонистон то муҳоҷирату омодасозии кадрҳо баррасӣ мешавад.
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия қаблан дар шарҳи барномаи мулоқоти Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, пеш аз ҳама ҷадвали мулоқоту чорабиниҳои дар сатҳи олӣ то охири соли 2022 баррасӣ мегарданд.
"Илова бар ин таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, дифоъ ва амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, бехатарии биологӣ, мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ дода мешавад", - гуфт Захарова.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни мулоқоти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳосилшударо баррасӣ менамоянд.
Дар доираи сафару мулоқот имзои барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои солҳои 2022-2023 дар нақша аст.
Инчунин интизор меравад, дипломатҳо дар бораи авзоъ дар Афғонистон табодули назар карда, ба мавзӯи Украина низ дахл кунанд. Лавров ба ҳамтои худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия иттилоъ медиҳад.
Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СПАД ва СҲШ аз масоили дигари ин дидор арзёбӣ шудаст.