Омодагии Тоҷикистон ба фасли сармо: нерӯгоҳҳо таъмир мешаванд

Барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон омодагиҳо идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Нерӯгоҳи "Норак", ки тавлидкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон мебошад, марҳила ба марҳила пурра навсозӣ мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли сармуҳандиси НБО-и "Норак" Маҳмадамин Маҳмадсаидзода иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, феълан мутахассисони нерӯгоҳ барои фаъолияти мунтазам ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат таъмири ҷории таҷҳизотро гузаронида истодаанд.
Аз ҷумла захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо ва ғайра амалӣ шуда, корҳо дигари омодагӣ идома доранд.
Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард
Кормандони Неругоҳи барқи обии "Бойғозӣ" низ эълон доштаанд, ки барои истеҳсоли муназзами барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон нерӯи барқро асосан аз нерӯгоҳҳои обӣ мегирад. Феълан таъминкунандаи аслии кишвар бо нерӯи барқ нерӯгоҳи "Норак" маҳсуб меёбад.
Бар асоси омори расмӣ, тайи 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 12 млрду 502,7 млн кВт/соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавлид шудааст, ки беш аз 93%-и он ба нерӯгоҳҳои обӣ рост меояд. Таъкид шудааст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ тайи январ - июли солил равон 11 млрду 697 млн кВт/соатро истеҳсол кардаанд.