Кремл таркиши ахир дар назди сафорати Русия дар Кобулро шарҳ дод

Сухангӯи Кремл таркиши ахир дар назди сафорати Русия дар Кобулро ҳамлаи террористӣ унвон кард ва гуфт, дар ҳоли дарёфти маълумоти бештар дар бораи ин қазия аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар шарҳи таркиши ахир дар назди сафорати ин кишвар дар Кобул гуфт, ки сухан дар бораи ҳамлаи террористӣ меравад ва ҳоло муҳим он аст, аз ҷойи ҳодиса дар бораи вазъи дипломатҳоямон маълумоти бештар гирем.
"Албатта, ин як амали террористӣ аст, комилан қобили қабул нест. Дар маҷмӯъ, мо чунин амали террористиро шадидан маҳкум мекунем ва албатта, ҳоло чизи асосие, ки бояд мо анҷом диҳем, гирифтани маълумот аз ҷойи ҳодиса аст, ки бо дипломатҳои мо чӣ рух додааст. Ман мефаҳмам, ки маълумот бояд дақиқ шавад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Қаблан як манбаъ дар сафорати Русия дар Кобул ба РИА Новости таркиш дар назди бинои сафоратро тасдиқ кард.
ВУХ Русия марги 2 корманди сафораташ дар Кобулро тасдиқ кард
Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Русия, дар ин таркиш ду корманди намояндагии дипломатии Русия кушта шудаанд. Сафорати Русия бо хадамоти амниятии Афғонистон, ки таркишро таҳқиқ мекунанд, дар тамос аст, гуфт вазорат.
Ёдовар мешавем, ки инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад.
"Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд", - афзудаст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеи худ аз ҳалокати котиби дуюми сафорат - Шоҳ Маҳмуд ва масъули амният хабар дод.
Толибон: Ниёзе ба аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон нест
Дар зимн Холид Задрон, котиби матбуотии пулиси Кобул, гуфт, ҳамлаи маргталаб пеш аз он рух додааст, ки ӯ ба ҳадафаш расад. Вай мегӯяд, толибҳо ӯро пеш аз расидан ба мақсад нобуд карданд.
Таъкид гардидааст, ки дар назди сафорат асосан донишҷӯёни афғон қарор доштанд, ки барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё гирифтани раводид омада буданд. Феълан иттилои расмӣ дар бораи қурбониён ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.