Бархе ҷузъиёти инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул

Манобеъ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии даромадгоҳи сафорати Русия дар Афғонистон хабар медиҳанд. Расман тафсилоти ин ҳодиса ҳанӯз ироа нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул рух дод, навиштааст РИА "Новости" бо такя ба манобеи худ.
Манбаи Sputnik Афғонистон рух додани ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии сафорати Русия дар Афғонистонро таъйид карда, изҳор доштаст, ки феълан вазъ мураккаб мебошад. Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд.
Таъкид гардидааст, ки дар назди сафорат асосан донишҷӯёни афғон қарор доштанд, ки барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё гирифтани раводид омада буданд. Феълан иттилои расмӣ дар бораи қурбониён, аз ҷумла осебдидагон миёни кормандони сафорат ироа нашудааст.
Инфиҷор дар масҷиди гузаргоҳи Ҳирот: Ансорӣ кушта шуд
Ба навиштаи Ҳомид Ҳайдарӣ, сармуҳаррири собиқи 1TVNews бошад, таркиш дар назди намояндагӣ замоне рух дод, ки як дипломати рус барои хондани рӯйхати онҳое, ки барои дарёфти раводид дар навбат меистанд, берун баромада буд.
Шоҳидон мегӯянд, теъдоди зиёди масъулини амниятӣ ва хадамоти тиббӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.