ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирусро тасдиқ кард, иттилоъ додааст сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия.
Таъкид шудааст, ки сарвазири Русия Михаил Мишустин дастур дод, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус созишнома баста шавад.
“Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи тавассути табодули нотаҳо бастани созишнома миёни Ҳукумати Русия ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти иҷроияи федералии дахлдор мувофиқа шуда, қаблан бо ҷониби Тоҷикистон таҳия гардидааст, қабул карда шавад”, — омадааст дар ин санад.
Дар робита ба ин, Михаил Мишустин лоиҳаи нотаи дахлдори ҷониби Русияро ба тасвиб расонд ва ба вазорати корҳои хориҷӣ дастур дод, ки аз номи ҳукумат ин гуна аснод бо Тоҷикистонро табодул кунад.
Ҳамчунин дар ин санад гуфта шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ, Мишустин инчунин иҷозат дод, ки ба лоиҳа тағйироте, ки “хусусияти бунёдӣ надоранд”, ворид карда шаванд.
Тибқи лоиҳаи санад Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа мерасанд, ки “маҳдудият нисбат ба дорандагони шаҳодатномаҳои моякӯбиро бинобар паҳншавии сирояти нави коронавирус”, ки дар қаламрави ҳарду давлат дода шудаанд, инчунин нисбат ба кӯдакон ва наврасони то 18-сола, ки шаҳодатнома надоранд, татбиқ накунанд. Лоиҳа муқаррар мекунад, ки шаҳодатномаҳо ба ғайр аз маълумоти шахсии шаҳрванд бояд рамзи QR-и заруриро бо маълумот дар бораи эмгузаронӣ дошта бошанд.
Санад пешбинӣ мекунад, ки ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад ҳар вақт созишномаро пурра ё қисман боздорад ва аз нияти худ расман огоҳ созад.