Сӯхтор дар шимоли Қазоқистон - видео

Майдони сӯхтори ҷангалзорҳо дар вилояти Қустанайи Қазоқистон даҳҳо ҳазор гектарро фаро гирифт. То ҳол аз ҳалокати як нафар хабар дода шудаст
Sputnik
Масоҳати сӯхтор дар шимоли Қазоқистон ба ҳолати субҳи 4 сентябр ба ҳадди 43 ҳазор гектар расид.
Ба иттилои мақомоти қазоқ, сӯхтори ҷангал рӯзи 2-юми сентябр дар шимоли Қазоқистон рух дод ва рӯзи 3-юми сентябр оташ ба деҳаҳои наздиктарин паҳн шуд. Сокинони деҳоти оташгирифта, ки беш аз 1800 нафарр ташкил доданд, аз минтақаи хатар берун оварда шуданд.
Таъкид шудааст, ки то ҳол сӯхтор беш аз 100 хонаро хароб кардааст. Дар натиҷаи сӯхтор як нафар ба ҳалокат расида, 10 нафар, аз ҷумла се корманди Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Сафарбарсозии нерӯ ва техникаи иловагӣ алайҳи сӯхтор дар Рязан
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, феълан оташнишонӣ ҷараён дошта, техникаи ҳавоӣ барои мубориза бо оташ равона карда шудааст.
Ҳамчунин вакилони парлумони Қазоқистон корвони кумаки башардӯстона барои осебдидагони ин офати табиӣ омода кардаанд. Мақомоти додситонӣ эълон доштааст, ки қазияи мазкурро таҳқиқ хоҳанд кард.