Кори занон дар додгоҳи Афғонистон мамнуъ шуд

Мақомдорони толиб занонро қобили кор дар бахши додгоҳ намедонанд ва иддао доранд, ки намояндагони ҷинси латиф аз фаҳмиши кофӣ бархӯрдор нестанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Толибҳо кори занонро дар додгоҳ манъ намудаанд, хабар дод Ҳизбуллоҳ Иброҳимӣ, раиси бахши бозрасии Додгоҳи Олии ин гурӯҳ.
Иброҳимӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, низоми додгоҳӣ ба занон ниёзе эҳсос намекунад, зеро онҳо нозукиҳои кори он ва мазҳаби ҳанафиро дарк намекунанд.
"Ҳамчунин онҳое, ки дар додгоҳ кор мекарданд, талаби пӯшидани ҳиҷобро рад намуданд ва ба ин далел онҳо аз ҳаққи кор дар ин бахш маҳрум шуданд", - афзуд ӯ.
Коршиносон муътақиданд рӯй кор омадани толибҳо дар Афғонистон занонро дар ин кишвар ба ҳошия рондааст.
Аз ҷумла толибҳо ба занони корманд дар ағлаби идороти давлатӣ иҷозаи кор намедиҳанду дарвозаҳои макотибро низ ба рӯй духтарони болотар аз синфи шашум бастаанд.
Ҳамчунин дар сохтори ҳукумати муваққати толибон, ҳеҷ зане ҳузур надорад.
СММ: Фақр дар Афғонистон амиқтар мешавад; толибон буҷа барои оянда надоранд
Дар ҳамин ҳол Маҷмаи ҷаҳони иқтисод, Афғонистонро дар раддабандии баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар охири ҷадвал қарор дода, бадтарин кишвари ҷаҳон аз нигоҳи ҳуқуқҳои гендерӣ хондаст.
Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар ин таҳқиқ вазъияти баробарии ҷинсиятӣ дар ҷаҳонро дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, омӯзишӣ ва сиҳатӣ баррасӣ ва ва баҳогузорӣ намудаст.