Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд хонанда дорад?

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор корбар дорад, бахшида ба Рӯзи китоб дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва дарҳои боз эълон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ҳудуди 200 ҳазор хонанда аз хадамоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ин нуктаро Салима Раҷабзода, муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, баён доштаст.
Ба гуфтаи Раҷабзода дар китобхона теъдоди зиёди китобу маҷаллаҳои чопию электронӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Инчунин барои афроди имконияташон маҳдуд, маводи инклюзивӣ мавҷуд аст, изҳор доштаст Раҷабозода.
Бо амри президент дар Тоҷикистон озмуни "Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" баргузор мешавад
Вай афзудааст, ки бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ рӯзҳои дарҳои боз эълон гардида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор шуданд.
Рӯзи китоб дар Тоҷикистон ба санаи гузоштани санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон рост меояд, ки 4 сентябри соли 2007 сурат гирифт.
Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ 20 марти соли 2012 баргузор гардид, ки дар шакли китоби кушода сохта шуда, калонтарин китобхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.