ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Воридшавӣ ба Самарқанд, ки дар он ҷой нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, рӯзҳои 14-17 сентябр маҳдуд мешавад.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Самарқанд хабар додаанд.
Рӯзҳои 15-16 сентябр Самарқанд мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
"Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз онҳое, ки рӯзҳои 14, 15, 16 ва 17 сентябр ба Самарқанд омаданиянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сафари худро ба давраи дигар гузаронанд. Зеро дар ин рӯзҳо вуруд ба шаҳри Самарқанд маҳдуд хоҳад шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ба гуфтаи мақомот, дар робита ба баргузории ҳамоиш аз 14 то 17 сентябр роҳҳои даромадгоҳ ба Самарқанд ва ҳамчунин қисме аз роҳҳои дохили шаҳр барои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд.
"Ба сифати истисно, ҳаракат дар кӯчаҳое, ки ҳаракати нақлиёт маҳдуд аст, барои шахсони ниёзманд ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони хадамоти таъҷилӣ иҷозат дода мешавад", - афзуд хадамоти иттилоотӣ.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.
Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.
Соли ҷорӣ Беларус расман барои пайвастан ба СҲШ ба унвони узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод кард.