ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратиро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва молиявӣ инкишоф медиҳанд.
Дар ин бора Евгений Коренков, раҳбари намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Ҳамкорӣ бо бахши IT воқеан як масъалаи хеле мубрам аст. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон он бо пӯшишҳои гуногун зоҳир мешавад",- мегӯяд, Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати электронӣ ба маънои хуб як намунаи МФТС-ҳои Русия аст.
"Маҳз ширкати русӣ ғолиби грант барои рақамисозии санадҳои гуногун ва асноди давлатӣ шуд", - шарҳ дод ӯ.
Ду кишвар инчунин созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 60 миллион долларро имзо карданд.
Бар асоси ин санад, дар шаҳри Душанбе барои назорат бар ҳаракати васоили нақлия дурбинҳои ҳаракат дар роҳ насб хоҳанд шуд.
Камераҳои назоратӣ на танҳо аз меъёр зиёди суръат, балки аз болои хатти истгоҳ рондан ва вайрон кардани аломати хатҳоро низ сабт хоҳанд кард.
Ҳамчунин, хадамоти андоз ва гумрук дар соҳаи технологияҳои IT ҳамкории зич доранд.
Талабот ба рушди хадамот, аз қабили таксӣ, хидматрасонии муассири хаткашонӣ вуҷуд дорад - чизе, ки ба шаҳрвандони оддӣ дар Тоҷикистон намерасанд.