ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар остонаи Ҷашни истиқлоли давлатӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди кишвар кумаки молӣ ва моддӣ расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ 5000 нафар ниёзмандон кумак дарёфт кардаанд.
"Дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ ба имзо расид", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи дастури раиси шаҳр, дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда кумакҳои моддӣ ва молӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, бар асоси ин қарор раисони навоҳии шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кумаки моддӣ ба кӯдакони ятиму чора андешанд.
Қаблан маъмурияти вилояти Суғд гуфта буд, ки 221 корманди соҳаи иҷтимоӣ ба нафақахӯроне, ки дар ин вилоят дар хона бе хешу табор ва дӯстон ба сар мебаранд, кумак мекунанд.