ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор асри 2 сентябр дар деҳаи лоҳутии ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур рух додааст.
КҲФ тавзеҳ дод, ки кӯдаки 2-сола, ки ҳамроҳи хоҳараш, ки ба деҳаи Гарав ба пеши хешовандонашон рафта буд, дар ҳолати бидуни назорат мондан дар канали маҳаллӣ афту ғарқ шуд.
Гуфта мешавад, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом дода, соати 21:40 ба вақти маҳаллӣ ҷасади духтаракро 4 километр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба наздиконаш супурданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ғаввосони кумита як часадро аз канали Варзоб берун овардаанд.
Дар бораи пайдо шудани часад ба ин ниҳод аз қисми навбатдори неругоҳи барқи обии Варзоб хабар додаанд.
Манбаъ мегӯяд, фавтида, сокини 43-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ будааст.
Сабабҳои ин ҳодиса то кунун дақиқ нест ва мақомоти интизомӣ онро тафтиш мекунанд.