Аввалин бор дар таърих теъдоди хонандагон дар Тоҷикистон ба 2,3 млн нафар расид

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар соли равон теъдоди мактаббачагон дар кишвар ба сатҳи рекордӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон шумораи мактаббачагон дар умум ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба гуфтаҳои иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати идоракунии иттилоотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Фаридун Раҳимзода.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар соли нави таҳсил дар Тоҷикистон 272 ҳазор нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд. Соли 2020 шумораи хонандагони синфи якум 246 ҳазору 876 нафар ва соли 2021 263 ҳазору 652 нафарро ташкил медод.
Вазорат хабар додааст, ки ба далели афзоиши шумори мактаббачагон дар кишвар шумораи мактабҳои нав низ сол то сол зиёд мешавад.
Дастури Раҳмон барои тағйири низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон: чӣ гуна мешавад?
Танҳо дар соли 2021 ва 6 моҳи соли равон 247 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат барои зиёда аз 110 хазор нафар донишҷӯён сохта шудаанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд ва таъсиси 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдоми созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати кишвар сол аз сол маблағгузориро ба соҳаи илму маориф зиёд мекунад. Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.