Таваҷҷуҳи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба ду минтақаи Русия

Аксари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо мақсади кор меоянд. Онҳо дар бахши савдо, таъмири мошинҳо, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал кор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар вилояти Томски Русия шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Раёсати минтақаии ВКД Русия.
Аз январи соли 2022 ба шаҳри Томск ва вилояти он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 дарсад бештар шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд.
Ҳамин тариқ, ба вилоят қариб 14 ҳазор нафар муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд омадаанд. Аз ин шумора 6447 нафар ва 3608 нафар мехоханд соҳиби кор шаванд.
Соҳаҳои маъмултарини шуғл миёни хориҷиён ин тиҷорат, таъмири мошинҳо, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, сохтмон ва истеҳсолот мебошад.
Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод
Илова бар ин, муҳоҷирон ба шикор ва моҳипарварӣ машғуланд.
Қобили зикр аст, ки тайи ҳафт моҳи соли 2022 ҳудуди 50 шаҳрванди хориҷӣ аз ин минтақа ихроҷ шуд, вуруди 28 шаҳрванди хориҷӣ ба Русия комилан манъ карда шуд.
Додгоҳҳои вилояти Томск 123 қарори ихроҷи муҳоҷирони аз Федератсияи Русияро, ки режими будубош дар кишварро вайрон кардаанд, содир кардаанд.
Қаблан маълум шуд, ки дар қаламрави Хабаровск раванди муҳоҷират дар табодули аҳолӣ бо кишварҳои ИДМ 10351 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 64,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сомонаи расмии Хабаровск хабар додааст,ки мубодилаи назарраси аҳолӣ бо Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.