Инфиҷор дар масҷиди гузаргоҳи Ҳирот: Ансорӣ кушта шуд

Ду инфтиҷори пай дар пай дар масҷиди Гузаргоҳи Ҳирот шумореро кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт. Расонаҳо аз кушта шудани хатиби ин масҷид хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Шоҳидон мегӯянд, ки дар масҷиди Гузаргоҳи Ҳирот, ки ахиран ифиҷор сурат гирифт, Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, хатиби ин масҷид кушта шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли наздикони мавлавӣ Ансорӣ кушта шудан ин рӯҳонии машҳурро таъйид кардаанд.
Ҳамчунин бархе манобе аз кушта шудани бародари мавлавӣ Ансорӣ ва 13 муҳофизи вай дар ин инфиҷор хабар медиҳанд.
Шоҳидон гуфтаанд, ки бештар аз 50 мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва низомӣ ба самти масҷиди гузаргоҳи Ҳирот дар ҳаракат ҳастанд.
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
Токунун омори дақиқе аз талафоти ин инфиҷор эълом нашудааст, аммо омори захмҳо болост ва пизишкони Ҳирот аз мардум хостааст барои кумак ба маҷруҳони хӯн эҳдо кунанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки имрӯз мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси ҳукумати толибон низ ба таври ғайримунтазира ба Ҳирот сафар карда ва соъатии пеш аз ин инфиҷор дар нишасте бо Муҷибулраҳмон Ансорӣ дидор карда буд.