ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист вориди бозори Русия шавад ва ба як кишвари таъминкунандаи аслии меваву сабзавот табдил ёбад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамагӣ дар як сол миёни байни кишварҳое, ки ба Русия маҳсулот мефиристанд, пешсаф шуд.
“Қаблан меваю сабзавот аз тариқи Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ба Русия ворид мешуд, мева ва сабзавоти Тоҷикистон зери тамғаи ин кишварҳо фурӯхта мешуд. Аммо ҳоло дар мағозаҳо пиёз, лиму ё ангури тоҷикиро торафт бештар дидан мумкин аст”,- гуфт оқои Коренков.
Вай илова кард, ки дар Русия талабот ба маҳсулоти Тоҷикистон хеле зиёд аст. Мағозаҳои бузурги Русия ба монанди “Магнит” ва ҳам аз “X5 Group” (мағозаҳои “Пятерочка”, “Перекресток”, “Карусел”), ки яке аз бузургтарин бозигарони фурӯши маҳсулот дар бозор ба ҳисоб мераванд, ба маҳсулоти Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
Ҳамин тариқ Намояндагии тиҷорӣ дар навбати худ роҳандозии иртибот байни ширкатҳои Русия ва Тоҷикистонро барои барқарор кардани равобити дарозмуддат таъмин хоҳад кард.