ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, чунин макотиб барои баҳрабардорӣ омода шудаанд.
Мубинахон Хоҷаева, директори мактаби муосири Тоҷикистону Русия ба номи Антон Чейхов дар Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст мактаби мазкур соати 17 и асри имрӯз дар баробари чаҳор мактаби дигар дар фазои тантанавӣ расман ифтитоҳ хоҳад шуд.
Қаблан дафтари матбуотии Русия дар бораи иштироки фосилавии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишвар иттилоъ дода буд.
“Тавассути видеоконфронс Путин ва Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард”, — иттилоъ дод, манбаъ.
Сохтмони мактабҳои муосири Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар зарфи як соли охир ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҳар як муассисаи таълимӣ беш аз 1200 нафар кӯдак имкони таҳсил дорад. Толибилмон пас аз санҷишу имтиҳони махсус интихоб карда мешаванд. Хонандаҳо аз рӯи барномаи таълимии Русия ва Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.
Ба ҳар як муассисаи таълимӣ номи қаҳрамонон ва ходимони фарҳанги Русия дода шуд. Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд.
Як муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Ба мактаби шаҳри Хуҷанд номи Антон Чехов дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 150 миллион доллар ҷудо кардааст.