ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони Афғонистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул бори дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хост, то чархболу ҳавопаймоҳои низомии моли давлати собиқи Афғонистонро, ки халабонҳои афғон ҳангоми фирорашон ба ин кишварҳо мунтақил доданд, бозгардонанд, иттилоъ додааст хабаргузоии “Форс”.
Ин чархболу ҳавопаймоҳо пас аз суқути давлати собиқ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд.
Сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони таъкид кард, ин болгардҳо мутааллиқ ба Афғонистон будаву талош барои бозгардондани онҳо ба ин кишвар идома дорад.
Ин мақоми Толибон афзуд, кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мегӯянд, масъала ин аст, ки амрикоиҳо намегузоранд ин болгардҳоро ба Афғонистон баргардонем, аммо мо бо амрикоиҳо суҳбат кардем ва гуфтем ки ин моли мардуми Афғонистон аст ва бояд бозгардонида шавад.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, кишвараш ҳеҷ барномае барои таҳвили ин амвол ба толибонро надорад, зеро ин таҷҳизот ба толибон тааллуқ надоранд.
Фаҳими Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти ҳеч шароите наметавонанд ин ҳавпаймоҳоро ба толибон таҳвил диҳанд, зеро ҳеч тазмини байналмилалӣ дода нашудааст.