Супориши Раҳмон ба Вазорати маориф: Таъмини мактабҳоро бо омӯзгорон ҳал намоед

Камбуди омӯзгорон дар мактабҳо раисҷумҳури Тоҷикистонро нигарон кардааст. Роҳбари кишвар ба Вазорати маориф супориш дод, ки ин масъаларо базудӣ ҳал намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш дод, ки масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд.
“Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд”, - супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин роҳбари давлат аз аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа дархост кард, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Дастури Раҳмон барои тағйири низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон: чӣ гуна мешавад?
“Мо – падару модарон бояд ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ояндаи Тоҷикистон ва фардои давлату миллат ба фарзандону набераҳои мо – наврасону ҷавонон тааллуқ дорад”, — таъкид карданд Пешвои миллат.
Қаблан сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки 1 сентябр ҳудуди 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд, ки дар онҳо беш аз 2 миллион нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки соли 2022 беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад. Аксарияти онҳо дар муассисаҳои таълимии навбунёд таҳсил хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд.
Ба ин мактабҳо аллакай директорҳо таъйин шуда, 356 нафар омӯзгорони фаннӣ ба кор гирифта шудаанд ва 25% омӯзгорон аз Русия меоянд.