Садамаи мудҳиш дар Фондарё: КҲФ ҷасади фавтидаҳоро меҷӯяд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади фавтидагонро меҷӯяд ва аз ронандагон қатъӣ дархост менамояд, ки зимни ҳаракат дар роҳҳои пурпечутоб эҳтиёткор бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Зимни як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд се тан ҳалок ва ду тани дигар захмӣ шудааст.
Бино ба гузориши КҲФ Тоҷикистон, ҳодиса шаби 31 август дар километри 121-и шоҳроҳ, дар мавзеи деҳаи Чореи назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд сар задааст.
Гуфта мешавад, автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мутааллиқ буд, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст.
"Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда мошинро натавонистааст идора кунад", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ҳамроҳ бо роҳгузарон соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол доданд.
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Гуфта мешавад, ҷасади се мусофири ҳалокшударо ҳоло ҳам дар рӯди Фон меҷӯянд, аммо то кунан хабаре нест.
Ин ниҳод мегӯяд, аксари садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба гуноҳи ронандагоне рух медиҳад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд ва дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳам бо суръати баланд ҳаракат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин садама дар минтақаи мазкур нест. Дар гузашта низ борҳо чунин ҳодиса маҳз дар ҳамин макон сар зада буд, зеро ба гуфти ронандагон суръати баланд дар ин роҳҳои пурпечутоб идораро ғайриимкон мегардонад.