ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба рушди забони русӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи мактабҳои русӣ бо Владимир Путин, раҳбари Русия изҳор дошт.
"Мо дар баробари давлат ба муносибати ҳамаҷониби ба инкишофи забони русӣ диққати ҷиддӣ медиҳем", — таъкид намуд ӯ.
Раисҷумҳур афзуд, дар ҷумҳурӣ 39 мактаби забони русӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 27 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.
Дар ин маросим ҳамчунин Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки шумораи квотаҳо дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон ба 1000 нафар мерасад.
Ҳоло шумораи ҷойҳо аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия барои донишҷӯёни тоҷик 700 нафарро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон ҷойгоҳи робитаҳои башардӯстонаро дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия хоса хонд.
Ба гуфти раисҷумҳур чунин ҳамкориҳо аз ҷумла дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг назаррасанд.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта низ борҳо таъкид карда буд, ки забондон кардани муҳассилини тоҷик дар мадди аввали назари бахши маорифи кишвар бояд бошад.