Дар Маскав Маркази фарҳангии Тоҷикистон боз мешавад

Президенти Русия аз равобити густурда бо Душанбе гуфта, таъкид кард, ки хароҷоти ифтитоҳи Маркази фарҳангии Тоҷикистонро ҳукумати Маскав бар дӯш мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Дар Маскав Маркази фарҳангии Тоҷикистон ташкил мешавад.
Дар ин бора Владимир Путин зимни ифтитоҳи фосилавии мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
"Маскав масъалаи таъмини биное дар маркази пойтахти Русияро ҳал кард, ки шумо барои ташкили маркази фарҳангӣ дар он ҷо интихоб кардаед", - гуфт президенти Русия.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдор Собянин итминон додааст, ки ҳукумати Маскав тамоми хароҷотро дар ин замина ба дӯш мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар навбати худ ҷойгоҳи робитаҳои башардӯстонаро дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия хоса хонд.
Ба гуфти раисҷумҳур чунин ҳамкориҳо аз ҷумла дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг назаррасанд.
"Дӯстона танқид кард": Путин ваъдаи куҳна ба Раҳмонро ёдовар шуд- видео
Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар худи маркази Маскав ҷойгир хоҳад шуд.
Ба ихтиёри ҷумҳурӣ додани биное, ки дар кучаи 2-юми Тверская-Ямская, 40 вокеъ аст, пешбинӣ шудааст.
Ин тасмимро ҳукумати Маскав қабул кардааст. Ҳоло биноҳои дорои масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъро "Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон" ҷойгир аст.