ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ, ки муодили наздик ба 24 миллион доллар аст, маҳсулот истеҳсол шудааст, мегӯяд Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, лар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –“Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” ба даст омадаанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии ҷануби кишвар – “Данғара” 11 субъект фаъолият дошта, дар ин давра ба маблағи беш аз 34,4 миллион сомонӣ (3,3 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 13 корхона дар зарфи 7 моҳ аз ҳама зиёд, ба маблағи 208,5 миллион сомонӣ (20,5 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Дар дигар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, назири “Ишкошим”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” маҳсулот истеҳсол нагардидааст.
“МОИ “Суғд”ва “Панҷ” соли 2008, МОИ “Данғара” ва “Ишкошим” соли 2009 ва МОИ “Кӯлоб” соли 2019 таъсис дода шудаанд.
Фаъолияти МОИ дар кишвар аз соли 2010 оғоз гардидааст ва алҳол дар онҳо 86 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолияти МОИ кишвар -аз соли 2010 инҷониб 2 миллиарду 116,4 миллион сомониро ташкил медиҳад”, -иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.