Ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Дар Душанбе дар Рӯзи дониш бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ифтитоҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар партави дастури Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст.
Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе
Марказ аз 7 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, дар он вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳои муоинаи бемор, реаниматсияи дилу шушҳои калонсолон, наврасон ва навзодон, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор рафта, дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад.
Донишгоҳ аз рӯйи 5 ихтисос – “кори табобатӣ”, “педиатрия”, “ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа”, “духтури дандон” ва “фарматсия” мутахассис омода менамояд.
Ҳамзамон аз рӯйи 40 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.
Раҳмону Путин мактабҳои русиро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунанд
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 83 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмию методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 46 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, ки аз он 1 ҳазору 500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино давоми 83 соли фаъолияти худ зиёда аз 46 ҳазор нафар табибону фарматсевтони баландихтисос тайёр кардааст, ки 63 фисади он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Дар соли таҳсили 2022 шумораи умумии донишҷӯёни ин боргоҳи бузурги илму дониш 13 ҳазору 504 нафарро ташкил медиҳад.