ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе зимни ҳамоише баррасӣ шудаанд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳамоиши мазкур дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” доир гардида, дар он мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи давлатии Ӯзбекистон дар умури экология Бобурҷон Маҳмудов гуфт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар умури гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд.
“Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош варзанд. Танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт”,- таъкид кард Бобурҷон Маҳмудов.
Ҳамзамон манбаъ таъкид шудааст, ки мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд.
Сафари кории мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 31 август то 3 сентябр идома хоҳад ёфт.