Spurtnik Тоҷикистон, тасовири лаҳазоте аз зиндагии сиёсӣ ва шахсии раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачёвро гирд овардааст
Пас аз сари қудрат расидан, Михаил Горбачёв кӯшиш кард, ки муносибатҳо бо ИМА ва Аврупои Ғарбиро беҳтар кунад
Горбачёв, ки аз соли 1985 то 1991 қудратро ба даст дошт ва робитаҳои Амрико ва Иттиҳоди Шӯравиро беҳбуд бахшид, охирин раҳбари зиндаи даврони Ҷанги Сард буд
19 ноябри соли 1985 дар ҳамоиши Женева оид ба халъи силоҳи ҳастаӣ аввалин мулоқоти Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган баргузор гардид
Моҳи декабри соли 1984 Горбачёв ва ҳамсараш Раиса бо даъвати Сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчер, ки дар маросими дафни Андропов бо ӯ шинос шуда буд, ба Лондон ташриф оварданд.Гуфтугӯҳо дар фазои ғайрирасмӣ ва махфӣ дар қароргоҳи Чеккерс гузаштанд, Горбачёв ба масъалаҳои халъи силоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир кард
Михаил Горбачёв бо ҳамсараш Раиса Максимова, ҳангоми боздид аз Фаронса
Горбачёв дар мақоми худ ба кишварҳои зиёде сафар карда, бо мехнатдустони хочагии қишлоқ дидору мулоқот кард
Сухбати пурмазмуни Горбачёв бо сарвазири Чин, муншии аввали ҳизби коммунист Чжао Тсиян дар моҳи май соли 1989 дар Пекин
Гуфтугӯи Президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ бо Фидел Кастро, роҳбари собиқи Куба
Раисиҷумҳури собиқи Шӯравӣ Михаил Горбачёв дар саҳна дар маросими супурдани ҷоизаи Women's World Awards дар Ню-Йорк
Табрики Борис Елтсин ба муносибати ба вазифаи президенти ҶФСРШ таъин шуданаш аз сӯйи роҳбари собики Иттиҳоди Шӯравӣ
Михаил Горбачёв дар Маскав дар қабристони Новодевичев назди ҳамсараш ба хок супурда мешавад. Санаи ба хок супурдани Михаил Горбачёв то ҳол маълум нетс