ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Хатсайри автобусии таҳти рақами 13 лағв ва ба ҷои он мусофирбарҳои рақами 17 ба хатсайр мебароянд.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, шуруъ аз 1 сентябри соли 2022 дар хатсайри автобусии №13 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин масир таҳти рақами 17 фаъолият менамояд.
Таъкид шудааст, ки танҳо рақам иваз гардида, масири ҳаракат, ки аз кӯчаи Гагарин то маҳаллаи Авулро дар бар мегирад, бетағйир мемонад.
"Дар хатсайри №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин аз санаи 1 сентябри соли равон дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 тагйирот ворид карда мешавад.
Ҳаракати автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад, эълон намуд шаҳрдорӣ.
Мақомоти Душанбе аз шаҳрвандон хостаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" истифода баранд. Таъкид шудааст, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.