ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду ҳолати ҷунбиши замин ба қайд гирифта шуд, хабар дод идораи зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза дар кишвар аввал соати 08:11 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, заминларзаи дигар соати 09:49 рух додаст.
Шиддати он дар маркази заминларза беш аз 4,3 дараҷа ва умқи он дар масофаи 15 километр арзёбӣ гардидаст.
Қувваи зилзила ба ҳадде будаст, ки сокинони чанд вилояти Ӯзбекистон низ онро эҳсос карданд.
Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, дар шаҳри Ҷиззах шиддати заминларза муодили 2 бал будаст.
Инчунин дар минтақаҳои Бахмал, Булунғур, Шараф Рашидов, Тайлоқ, Ғаллаарал, Ургут, Зомин ва Ҷомбой қуваи он аз 2 то 4 баллро ташкил додаст.
То ҳол аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд будани харобкориҳо дар қаламрави кишвар маълумоте дақиқе надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи баҳори аз нигоҳи сейсмикӣ фаъоли соли 2022 дар Тоҷикистон тобистон нисбатан ором буд.
Маврид ба зикр аст, ки заминларзаҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мунтазам ба қайд гирифта мешаванд. Кишварҳои мазкур дар минтақаи аз нигоҳи сейсмикӣ ноором ҷойгир шудаанд.