Режаи низомии толибон дар майдони ҳавоии Багром бо таҷҳизоти амрикоӣ - видео

Дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар солгарди хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон гузашти низомӣ бо ҳузури роҳбарияти олии низомии толибон баргузор шуд
Sputnik
Масъулини ҳукумати муваққатии толибон гуфтанд, афғонҳо "ифтихор доранд, ки кишвар ҳангоми ихроҷи нерӯҳои ИМА аз истилои Амрико озод шуд”.
"Мардуми Афғонистон дар тӯли таърих исбот кард, ки ин кишвар ба қабристони истилогарон табдил меёбад. Мардум ба истилогарон чунон дарси ибрат доданд, ки дигар ҳеҷ истилогар ба назди мо нахоҳад омад”, - гуфт, сардори ситоди вазорати дифои толибон.
Ояндаи нерӯҳои ҳавоии Украина: Халабонҳои афғон, Миг-ҳои славакӣ ва фирор ба Лаҳистон
Дарҳоле ки толибон ба муносибати аввалин соли хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон бо таҷҳизоти ҷангии Амрико дар майдони ҳавои Багром рижаи низомӣ баргузор карданд.
Толибон дар ин маросим чархболҳоро ба парвоз дароварданд ва бо васоил ва таҷизоти низомӣ баҷомондаи амрикоӣ рижаи низомӣ баргузор карданд.
Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид
Мулло Ҳасан Оханд, раиси вузарои толибон гуфт, ки хориҷиҳо бо берун шудан аз кишвар ҳамаи имконотро ҳам бо худ бурданд.
Тибқи эъломи Пентагон, Амрико пас аз хуруҷ ба арзиши 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомиро, ки ба давлати Афғонистони супурда буд, дар ин кишвар ҷо гузоштааст.
Бо суқути давлати Афғонистон, ин таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри толибон қарор гирифт.