ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, ки ахиран муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, бо фармони президенти кишвар инчунин бо орден низ қадрдонӣ гардидааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки ВКД нашр кардааст, Муборакқадамзода то таъйинаш ба мақоми муовини вазир - то ҳафтаи қабл сардори милиса дар шаҳри Хоруғ буд.
Муборакқадамзода аз 17-уми августи соли равон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, феълан ягона полковник миёни муовинони вазири корҳои дохилӣ мебошад, ки ҳама генераланд.
Полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
Ӯ, ки 15-уми сентябри соли равон 51-солагияшро таҷлил мекунад, аз соли 1994 дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Зикр гардидаст, ки Муборакқадамзода корашро дар ин ниҳод аз ҳайати қаторӣ – нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, баъдан дар идораи милисаи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Суғд фаъолият доштаст.
"Соли 2004 ба Адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Ташкили ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомуваффақият ҳимоя намудааст", - омадааст дар матлаб.
Баъдан боз ба кор дар вилояти Суғд гузашта, аз моҳи апрели соли 2014 то соли 2015 муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, соли 2015 муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ адои вазифа намудааст.
Бар асоси ҳолнома, ӯ дар баробари мукофотҳои ВКД, ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, бо мукофотҳои давлатӣ - медали "Ҷасорат" ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.