ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Қазоқистон мизбони форуми байналмилалии ректорони муассисаҳои таълимии олии кишварҳои узви СҲШ мешавад.
Ин нуктаро Айман Мусохоҷаева, ректори Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ректор, мулоқоти роҳбарони донигоҳҳои кишварҳои узви СҲШ баҳори соли 2023 дар доираи таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон сурат мегирад.
"Чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ дар нақша аст. Аз ҷумла Анҷумани дуюми ректорони муассисаҳои таълимии олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкорриҳои Шанхай баргузор мешавад", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон дар ҳамоишҳои гуногуни байналмилалии СҲШ, аз ҷумла анҷумани занони ин созмон дар Тошканд иштирок дошт.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.