ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ду муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон рутбаи генералӣ гирифтанд.
Тибқи иттилои КҲФ, бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ муовинони раиси ин ниҳод - Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Имомалӣ рутба генерал-майор гирифтанд.
Ҳамчунин сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, Ҷамшед Камолзода низ генерал-майор шуд.
Сардори раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, Баҳром Додиён бо ордени Спитамен дараҷаи 2 ва фармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита полковник Файзуллозода Баҳром бо медали Ҷасорат сарфароз гардиданд, омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ахиран бахшида ба 31-умин солгарди истилоли Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мешавад, баргузор гардид.
Аз ҷумла бо фармони раисҷумҳур "Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳо дода шуданд.
Аз ҷумла "генерал-лейтенанти милитсия”, "генерал-майори милитсия", "генерал-майор”, "генерал-майори адлия", рутбаи дараҷавии "мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3", "генерал-майори хадамоти гумрук" ва "генерал-майори хизмати дохилӣ" супорида шуд.