Дар Душанбе литсейи нави давлатӣ фаъол шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти такмили инфрасохтори соҳаи маориф тавсиф карда, онро намуна хондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Умари Хайём дар ноҳияи Сино аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи мазкур аз сӯи шаҳрдории Душанбе бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд, афзуд манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар литсейи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми роҳбарияти Душанберо дар самти такмили инфрасохтори соҳаи маориф намуна арзёбӣ кард.
Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, муассисаи нави таълимӣ тибқи лоиҳа барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 8 бинои 3 ва 4-ошёнаи бо ҳам пайваст иборат мебошад.
"Литсей дорои 70 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, бо ифтитоҳи он 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аз он 70 нафараш омӯзгор мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки таълимгоҳ дорои озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, компютерӣ, робототехника, китобхона, мусиқию рассомӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар онҳо дастгоҳу аёниятҳои зарурӣ васлу насб шудаанд.