Дархости Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ барои террористӣ эълон кардани бархе созмонҳо

Ёддошти тафоҳум байни додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризму пулшӯӣ имзо шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тоҷикистон хостааст, бархе созмону гурӯҳҳоеро, ки худаш террористӣ хондааст, дар қаламрави Арабистони Саудӣ низ ҳамчунин эътироф карда шаванд.
Ин масъала зимни сафари Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ҳафтаи равон ба миён гузошта шудааст.
Ба иттилои додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон бо Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб, прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро баррасӣ кардаст.
"Инчунин дар ҳудуди Арабистони Саудӣ ҳамчун террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки барои амалигардонии мувофиқатҳои ҳосилшуда Ёддошти тафоҳум байни ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда имзо шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон аз Русия низ дархост карда буд, ки бархе аз созмонҳо, аз ҷумла Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии ҶТ - ҲНИТ*-ро мамнуъ эътироф кунад. Ин масъала феълан дар баррасии додгоҳи Русия қарор дорад.
Дархости террористӣ эълон кардани ҲНИТ* дар Русия ба додгоҳ фиристода шудааст
Қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ниҳодҳои амниятии кишвар тайи ним соли аввали соли равон 20 ҷинояти марбут ба терроризму экстремизмро ошкор ва ба қайд гирифтаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд аст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 3000 шаҳрванди ин кишвар бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудаанд.
*-созмони террористӣ дар Тоҷикистон