Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Боздохти харобкорони украинӣ, дар наздикии нерӯгоҳи ҳастаии Запарожие – видео

Дар Запарожие харобкорони украиниеро боздошт, карданд, ки мехостанд дар ҳудуди нерӯгоҳи ҳастаӣ амалиётӣ террористӣ анҷом диҳанд
Sputnik
Вазорати дифоъ хабар додааст, ки аз манзили зисти харобкорон аслиҳаву дигар лавозимоти ҷангӣ пайдо карданд.
Ахиран видеои боздошти гурӯҳи харобкорони украинӣ расонаи шуд.
"Ҳамлаи ҷавобӣ" дар назди Николаев: тақозои Ғарб ва "кисаи оташ" барои НМУ
Дар сабт дида мешавад, ки чӣ тавр нерӯҳои амниятӣ ба манзили хоби ин гурӯҳ ворид мешаванд. ДАр манзили зисти онҳо аслиҳа дарёфт ва мусодира шудааст. Аз ҷумла, аз манзили онҳо мошиндорҳои АК-74, норинҷаку ва норинҷакандози NLAW, маводи таркандаи худсохт ва як паҳпод пайдо карданд.
Задухӯрдҳои кӯча ба кӯчаи артиши Русия дар деҳаи Благодатное
Қаблан дар бораи боздошти аъзои гурӯҳи харобкорони украинӣ, ки қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар нерӯгоҳи ҳастаӣ доштанд, маълум шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо мехостанд дар арафаи сафари ҳайати Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) иғво андозанд